ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ «КИТОБИ ТЕҲРОН»
Душанбе, 8 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 8 май як ҳайати беш аз 100 нафари аҳли илму фарҳанг, ноширон, устодони донишгоҳҳо, хабарнигорону рӯзноманигорони тоҷик ҷиҳати иштирок ва боздид аз 23-умин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд. Назар ба иттилои аташеи фарҳангию матбуотии Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ, намоишгоҳи «Китоби Теҳрон» яке аз бузургтарин чорабиниҳои фарҳангӣ дар сатҳи кишварҳои минтақа дар Эрон ба шумор рафта, он дар масоҳати 6 ҳазор метри мураббаъ ташкил карда шудааст. Намоишгоҳ, ки рӯзи 5 май ифтитоҳ ёфт, ҳадафаш муаррифии китобҳои тозанашр, густариши китобдорӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар бахши китоб ва китобдорӣ байни нашриётҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон аст. Дар намоишгоҳ 1200 нашриёт аз 80 давлати ҷаҳон китобҳои тозанашри худро ба маърази тамошо мегузоранд. Дар намоишгоҳ гӯшаи Тоҷикистон низ ифтитоҳ карда шудааст, ки дар он як ҳайате аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ нашри китобҳои нав дар Тоҷикистонро муаррифӣ месозад. Намоишгоҳи «Китоби Теҳрон» бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон гузаронида шуда, он 10 рӯз идома меёбад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






