ИСТЕҲСОЛИ 650 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА

Май 28, 2010 09:00

Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Раёсати растанипарварии  Вазорати кишоварзӣ, дар асоси қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз  3- юми августи соли 2007 «Дар бораи Барномаи коркарди пурраи нахи пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, дар давраи то соли 2015», дар назди хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ вазифа гузошта шудааст, ки истеҳсоли пахта ба 650 ҳазор тонна ва нахи он ба 210 ҳазор  тонна расонида шавад. Боис ба ёдоварист, ки соли 2009 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 250 ҳазор тонна пахта истеҳсол ва захира карда шудааст. Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки   тайёр кардани ин миқдор пахта танҳо  дар сурате мумкин аст, ки агар сифати тухмӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии замини кишт   ва истифодаи хуби агротехникаи пахта ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин амалӣ шудани қарори мазкур дар сурате мумкин аст, ки бо тавсияи олимон аз селексияи серҳосили навъҳои пахтаи «Сорбон», «Ҳисор», «Хуҷанд -67», «НС -60», ки офаридаи олимони тоҷик мебошанд ва ҳосилнокии баланд доранд, истифода карда шавад,- мегӯяд президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ, профессор Ҳукматулло Аҳмадов.

Май 28, 2010 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад