КӮМАК БА ЗАРАРДИДАГОН

Май 24, 2010 11:17

Кӯлоб, 24 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов). —  Бо  дастуру  супоришҳои  Президенти  ҶТ  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон оид  ба  дастгирии оилаҳои бар асари офати табиӣ зарардидаи  шаҳри  Кӯлоб   ва  расонидани  кӯмаку  хайрияҳо  ҳамарӯза  аз  ҷониби  ашхоси  саховатпеша   вазорату  идораҳо,  шаҳру  ноҳияҳо  умуман  кулли  сокинони  ҷумҳурӣ  сомон  ёфта  истодааст. Дар   пайрави   ба ин  амали  хайр корвони  мошинҳои  пурбори  ҶСП  корпоратсияи « Сомон — Душанбе» ба шаҳри Кӯлоб ворид гардид. Кӯмаки  расонидашуда  иборат  аз  50 т орд, 4 т макарон, 1 т биринҷ, 2,5 т шакар, 2 т равған, 200 дона рахти хоб ва 200 дона болишт буда, ҳаҷми умумии маблағи хайрия 106 ҳазор сомониро дар бар  мегирад. Инчунин аз тарафи  ҷамоати  деҳоти  «Гулистон» ва муассисаҳои  таълимии  ноҳияи  Рӯдаки  маводи  хӯрока  ва  маблағи   1968  сомонӣ , ҶСК « Ориёнбонк» 400 ҳазор сомонӣ, Агентии назорати  давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ маблағи 45 ҳазор сомонӣ, Кумитаи  телевизион  ва  радиои назди Ҳукумати ҶТ маводи хӯрока ва сару либос ба офатзадагони  шаҳри  Кӯлоб  кӯмака  расонидаанд. 

Май 24, 2010 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад