КӮМАК БА ЗАРАРДИДАГОН
Кӯлоб, 24 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бо дастуру супоришҳои Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии оилаҳои бар асари офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб ва расонидани кӯмаку хайрияҳо ҳамарӯза аз ҷониби ашхоси саховатпеша вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳо умуман кулли сокинони ҷумҳурӣ сомон ёфта истодааст. Дар пайрави ба ин амали хайр корвони мошинҳои пурбори ҶСП корпоратсияи « Сомон — Душанбе» ба шаҳри Кӯлоб ворид гардид. Кӯмаки расонидашуда иборат аз 50 т орд, 4 т макарон, 1 т биринҷ, 2,5 т шакар, 2 т равған, 200 дона рахти хоб ва 200 дона болишт буда, ҳаҷми умумии маблағи хайрия 106 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Инчунин аз тарафи ҷамоати деҳоти «Гулистон» ва муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдаки маводи хӯрока ва маблағи 1968 сомонӣ , ҶСК « Ориёнбонк» 400 ҳазор сомонӣ, Агентии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ маблағи 45 ҳазор сомонӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ маводи хӯрока ва сару либос ба офатзадагони шаҳри Кӯлоб кӯмака расонидаанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






