КӮМАКИ ИМА БА ЗАРАРДИДАГОНИ СЕЛ ДАР КӮЛОБ
Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова). – Чанде пеш ба Душанбе, аз тарафи Сафоратхонаи Амрико дар Тоҷикистон лавозимоти тиббӣ барои зарардидагони сел дар вилояти Хатлон ворид шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз сафорати Амрико хабар доданд, кӯмак бо вазни умумии 8,5 тонна, иборат аст аз дорувории дарунрагӣ, захмбанд, матоҳои назофатии кӯдакона, антибиотикҳо, доруҳои зидди касалиҳои пӯст, доруҳои зидди табларза ва қуттиҳои лавозимоти беҳдошт ба маблағи умумии беш аз 500 ҳазор доллари ИМА баробар аст. Атташеи низомии сафоратхонаи ИМА подполковник Ларри Ҳаррисон, барои омодасозии интиқоли ин кӯмак бо Ситоди марказии неруҳои Амрико (CENTCOM) ва ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ кардааст. «Вазифаи аввалиндараҷаи мо иборат аз интиқоли саривақтии лавозимоти тиббӣ ба ҷойҳои эҳтиёҷмандтарин аст. Кормандони сафоратхона, ки бо беморхонаҳои шаҳри Кӯлоб ҳамкории зич мекунанд, бо духтурони ин беморхонаҳо, ки мустақиман бо зарардидагони сел кор мекунанд, тамос гирифтанд. Мо аз онҳо пурсидем, ки ба чӣ гуна лавозимот ниёз доранд. Мо ба Ситоди марказии нерӯҳои Амрико дархости онҳоро пешниҳод кардем ва айнан маводҳоеро гирифтем, ки ба духтурон заруранд» – афзуд Ҳаррисон. Рӯзи 11 майи соли 2010 сафири ИМА Кеннет Гросс эъломияи офати табииеро пахш намудааст, ки дар он хисороти ҷиддии ба ноҳияи Кӯлоб расонидашуда ва дархости кӯмак аз тарафи ҳукумати Тоҷикистонро эътироф намуд. Аз ҳамон лаҳза инҷониб ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба хонаводаҳои зарардида ба маблағи зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ кӯмаки башардӯстона пешниҳод намуд.