КӮМАКИ КИШОВАРЗОН ДАР БАРҚАРОРСОЗӢ
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, роҳбарияти Донишгоҳи аграрии Тоҷӣкистон ба номи Шириншо Шотемуров, Бозрасии давлатии назорати техникии кишоварзӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, КВД «Тоҷикагролизинг» ва дастгоҳи марказии вазорат аз ҳисоби маблағҳои худӣ сохтмони се бинои истиқоматиро бо тамоми таҷҳизоти рӯзгордорӣ барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб ба ӯҳда гирифтаанд. Ҳамзамон сохторҳои кишоварзии дар вилояти Хатлон буда, вазифадор карда шуданд, ки бо кӯмаки вазорат дар кӯтоҳтарин муддат оқибатҳои офати табииро бартараф намоянд. Дар заминҳое, ки аз сангу лойқа тоза карда мешаванд, ба кишти ҷуворимакка, сабзавот ва дигар зироатҳои ба шароити минтақа мувофиқро кишт намоянд.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад






