КАДРҲО БАРОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СААД
Маскав, 19 май. (АМИТ «Ховар»). — 18 май дар Маскав таҳти раёсати намояндаи ваколатдори Русия дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Александр Ранних маҷлиси навбатии Шӯрои доимии созмон баргузор гардид. Дар он муовинони Муншии умумии созмон Аро Бадалиён ва Александр Базавлюк иштирок доштанд. Иштирокчиёни маҷлис лоиҳаи ҳуҷҷатҳоеро баррасӣ намуданд, ки ба ҳамкории низомии мамлакатҳои аъзои созмон дар масъалаи тайёр кардани кадрҳо барои Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои созмон дахл доштанд. Инчунин лоиҳаи қарори Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои созмон дар бораи тадбирҳои муштараки тайёрии ҷангии мақомоти идора ва ташкили қувваю воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ барои соли 2011 муҳокима карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






