КОНФРОНСИ ИЛМӢ ДАР ДМТ
Душанбе , 14 май. (АМИТ, «Ховар» Сангзода Муслиҳиддин) – Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Саҳми олимони Олмон дар омӯзиши таъриху фарҳанги тоҷикон ва форсизабонон» баргузор гардид. Конфронсро ректори ДМТ Н. Саидов гушода, гуфт, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Олмон, бахусус дар соҳаи фарҳанг заминаҳои густурда ва доманадор дошта сол то сол густариш меёбанд. Устодон ва донишҷӯён низ маърӯза ва гузоришҳои илмӣ карда, паҳлӯҳои мухталифи муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Олмонро матраҳ карданд. Мавриди зикр аст, ки ҳадафи аслии ин конфронс муайян намудани саҳми ҷамъияти Олмону Тоҷикистон дар густариши муносибатҳои дӯстона мебошад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






