КОНСЕРТИ ИДОНА БА ШАРАФИ РӮЗИ ҒАЛАБА
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – 5 май бо ташаббуси Сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон ва Шӯрои ветеранҳои ҷанги Пойгоҳи низомии 201 — уми Русия дар Тоҷикистон дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба муносибати 65 – солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҷлиси ботантана ва консерти калони идона баргузор мегарданд. Ҷамъомадагонро сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов, роҳбарони Вазорати мудофиа ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, фармондеҳи Пойгоҳи низомии 201 – уми Русия Игор Красин ва раиси Шӯрои ветеранҳои ҷанги Тоҷикистон Раҳмат Қудратов табрик менамоянд. Барномаи консертӣ сурудҳои солҳои ҷангро дар иҷрои овозхонони Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ, дастаи ҳаваскорони санъати Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, гурӯҳи ҳунарии «Южний форпост» ва дастаи раққосони «Зебо» дар бар мегирад.