КУМИТАИ ЗАМИН 42 НАФАР ҲУҚУҚВАЙРОНКУНАНДАГОНИ ЗАМИНРО ҶАРИМА БАСТ
Кӯлоб, 31 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Кумитаи заминсозии шаҳри Кӯлоб дар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ 42 нафар ҳуқуқвайронкунандагони заминро ҷаримабандӣ кард, ки 21 нафар аз надоштани сертификати ҳуқуқи замин ва 21 нафари дигар барои худсарона ишғол намудани замин гунаҳгор дониста шудаанд. Раиси кумитаи заминсозии шаҳри Кӯлоб Ҳоким Рустамов дар бастагӣ ба ин мавзӯъ гуфт, ки маблағи ҷаримаи ситонидашуда 15 ҳазору 525 сомониро дарбар гирифта аз ин маблағ 9 ҳазору 415 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумитаи заминсозӣ равона гардидааст. Ҳ. Рустамов афзуд, дар ин давом барои беэътиноӣ зоҳир намудан нисбат ба замин 2 санад ба прокуратураи шаҳр ва 5 санад ба суди шаҳри Кӯлоб равон гардидааст. Айни ҳол аз тарафи органҳои дахлдор чораҳои маъмурӣ андешида мешавад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






