МАҲФИЛИ «ҚАНДИ ПОРСӢ» ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
Суғд, 25 май. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов).- Бахшида ба ёдбуди шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ имрӯз дар ҳамаи факултаҳои Донишгоҳи давлатии Худжанд ба номи академик Бободжон Ғафуров чорабиниҳои фарҳангӣ ва адабӣ баргузор мегарданд. Бо ин мақсад бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ва роҳбарону олимон ва донишҷӯёни фаоли факултаи шарқшиносӣ маҳфили адабию мусиқӣ бо номи «Қанди порсӣ» боиси шаҳодати ҳунару истеъдоди волои донишҷӯён гардид. Дар чорабинии мазкур устодони донишгоҳ оид ба ҳаёт ва фаъолияти Лоиқ Шералӣ сухан карда, донишҷӯён аз эҷодиёти шоир маҳорати адабӣ ва шеърхонии худро ифшо намуданд. Сипас, барои иштирокчиён барномаи консертӣ бо иштироки ҳофизи хушовоз Мирсалим Ашуров ва Матлубчон Ашуров пешкаш гардид. Дар охир фаъолон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






