МАҲФИЛИ «ҚАНДИ ПОРСӢ» ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Май 25, 2010 10:58

Суғд, 25 май. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов).- Бахшида ба ёдбуди шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ имрӯз дар ҳамаи факултаҳои Донишгоҳи давлатии Худжанд ба номи академик Бободжон Ғафуров чорабиниҳои фарҳангӣ ва адабӣ баргузор мегарданд. Бо ин мақсад бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ва роҳбарону олимон ва донишҷӯёни фаоли факултаи шарқшиносӣ маҳфили адабию мусиқӣ бо номи «Қанди порсӣ» боиси шаҳодати ҳунару истеъдоди волои донишҷӯён гардид. Дар чорабинии мазкур устодони донишгоҳ оид ба ҳаёт ва фаъолияти Лоиқ Шералӣ сухан карда, донишҷӯён аз эҷодиёти шоир маҳорати адабӣ ва шеърхонии  худро ифшо намуданд. Сипас,  барои иштирокчиён барномаи консертӣ бо иштироки ҳофизи хушовоз Мирсалим Ашуров ва Матлубчон Ашуров пешкаш гардид. Дар охир фаъолон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Май 25, 2010 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад