МАҶЛИСИ ШӮРОИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКИИ ИДМ

Май 28, 2010 10:28

Душанбе,  28 май. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  27  май  дар  шаҳри  Угличи вилояти  Ярослави  Федератсияи  Русия  маҷлиси  навбатии  37 – уми  Шӯрои  электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил  кушода шуд. Маҷлиси  мазкур  то 30  май давом  мекунад.  Дар  он  вазирони  энергетикаи  мамлакатҳои  ИДМ, роҳбарони  корхонаю  ширкатҳои  калонтарини  энергетикии  мамлакатҳои  иттиҳод  ва ташкилотҳои  энергетикии  Русия  иштирок  доранд. Аз  Тоҷикистон дар  маҷлис  раиси  ширкати  саҳҳомии «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров  ва  муовинони  сармуҳандиси   ширкати  мазкур  Рашид  Гулов  ва  Рустам  Раҳимов  ширкат  меварзанд. Иштирокчиёни  маҷлис  масъалаҳои  ҳамкориро  бо  созмонҳои  энергетикии байналмилалӣ, ҳамоҳанг  сохтани ҳуҷҷатҳои  меъёрии  соҳавӣ, таъминоти  метрологии  беҳтар  сохтани   сифати қувваи барқ,  масъалаҳои  хариду  фурӯши  қувваи  барқ,   истифода бурдани   манбаъҳои  дигари  қувваи барқ  ва  ғайраро  муҳокима  мекунанд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  ба  ҳайати  Шӯрои электроэнергетикии  ИДМ  роҳбарони  аввалини  мақомоти  идораи   соҳаи  энергетикаи  Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон,  Қирғизистон,  Молдавия,  Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва  Украина  дохиланд.

Май 28, 2010 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!