МАЪЛУМОТИ СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дар Тоҷикистон даври дуюми маъракаи додани дору ба бачагон барои пешгирии бемории фалаҷи ҳароммағз ба охир расид. Дафтари матбуоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад, ки то 19 май дар Тоҷикистон 432 шахси гирифтори ин беморӣ ба қайд гирифта шуд. Аз рӯи маълумоти вазорати тандурустии Тоҷикистон то 22 май 437 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудааст. Аз 129 нафар бемори гирифтори фалаҷи ҳароммағзи аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон овардашуда, 27 нафар кӯдакони то 1 сола, 80 нафар бачагони аз 1 то 5 сола, 15 нафар бачагони аз 6 то 14 — сола ва 7 нафар шаҳрвандони аз 15 — сола боло мебошанд. Гурӯҳи намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Муассисаи наҷоти атфоли СММ дараҷаи паҳн гардидани бемориро ҳамаҷониба омӯхта ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон кӯмаки техникӣ мерасонанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ инчунин бо мамлакатҳои ҳамсояи Тоҷикистон ҳамаҷониба ҳамкорӣ мекунад. Дар ин мамлакатҳо низ ба бачагон барои табобати беморӣ дору дода хоҳад шуд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад, ки 18 май дар шаҳри Иркутски Русия як нафар кӯдаки бемор ба қайд гирифта шуд, ки аз Тоҷикистон ба ин ҷо омадааст. Вобаста ба ин мақомоти дахлдори Русия низ барои пешгирии беморӣ тадбирҳо меандешанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






