МАЪРАКАИ ЭМГУЗАРОНӢ

Май 12, 2010 13:28

Ваҳдат, 12 май. (АМИТ»Ховар», Зебо Давлатова). — Бемории фалаҷ  тайи солҳои охир дар ҷумҳӯрӣ дар байни аҳолӣ паҳн гашта ,боиси нигаронии аҳли кормандони соҳаи тандурустӣ гаштааст.Дар ин самт аз ҷониби масъулини соҳа чораҳои мушаххас дида истодаанд.Бахусус дар беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо маъракаи эмгузаронӣ бар  зидди бемории фалаҷ дар байни аҳолӣ гузашта истодааст. Ба хабарнигори АМИТ»Ховар» муовини сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат Бунафша Азимова гуфт,ки дар шаҳри Ваҳдат ҳамагӣ 42647 нафар кӯдакони то сини 6-с ола ба қайд гирифта шудааст.То имрӯз аз ҷониби  кормандони соҳа ба 42360 нафар кӯдакон эм гузаронида шуд. Айни замон 341 нафар кӯдакон ҳамроҳи волидайнашон дар хориҷи кишвар зиндагӣ доранд.То имрӯз 28 нафар бо назардошти ташхисӣ ба бемории фалаҷ гирифтор шудаанд. Бунафша Азимова афзуд,ки маъракаи эмгузаронӣ дар шаҳри Ваҳдат дар се марҳилла гузаронида мешавад.Марҳилаи аввал аз 1- уми май то 8-уми май пурра гузаронида шуд. Марҳилаи дуюм аз 18- уми мй то 22-уми май гузаронида мешавад.Марҳилаи сеюм бошад аз 1 уми июн то 5-уми июн баргузор мегардад. Бояд қайд кард,ки дар ин маъракаи муҳими эмгузарони мутахассисони соҳибтаҷриба аз маркази саломатии шаҳр,79 бунгоҳ ва 30 марказҳои саломатии ҳудуди шаҳр ба аҳолӣ хизмат  менамоянд.  

Май 12, 2010 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад