МАРКАЗИ КОМПЮТЕРӢ БАРОИ ҶАВОНОНИ ХУҶАНД

Май 14, 2010 09:07

Душанбе, 14 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар остонаи Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад,  дар шаҳри Хуҷанд-маркази маъмурии вилояти Суғд,  Маркази омӯзиши компютерӣ барои ҷавонони маъюб кушода мешавад. Маркази мазкур бо ибтикори намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ташкил карда мешавад. Ин Маркази бо 12 компютер муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар муддати се моҳ дар он 48 нафар ҷавонони маъб дар чор гурӯҳ нозукиҳои кор бо компютерро аз бар менамоянд. Сайидҷаводи Разавӣ раиси намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки  ҳадаф аз ташкили Маркази омӯзиши компютерӣ, кӯмак расонидан ба ҷавонони маъюб дар мавриди аз бар намудани нозукиҳои компютер аст, ки асри 21  бидуни компютер тасаввурнопазир аст. Баъди хатми курсҳои семоҳаи Маркази компютерӣ ба ҷавонон гувоҳнома супорида мешавад.

Май 14, 2010 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад