МАШҚИ ҲАРБӢ ДАР ЧЕЛЯБИНСК
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Намояндагони вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баъди чошти 20 май дар пойгоҳи низомии гарнизони Чабаркӯли вилояти Челябински Федератсияи Русия дар бораи гузаронидани машқи муштараки низомии Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилии созмон таҳти унвони «Ҳамкорӣ — 2010» протокол имзо карданд. Аз Тоҷикистон дар ин мулоқот муовини аввали сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, генерал – майор Зариф Бобокалонов иштирок дошт ва протоколи мазкурро имзо кард. Машқи ҳарбӣ аз 25 то 28 октябр дар пойгоҳи низомии Чабаркӯл баргузор мегардад. Дар он қариб 2 ҳазор аскару афсар, бештар аз 30 ҳавопаймо ва чархбол, қариб 300 навъи техникаи ҳарбии зиреҳпӯш ва ғайра иштирок менамоянд. Намояндагони мамлакатҳои аъзои созмон дар мавзеи Чабаркӯл маҳалли машқи ҳарбиро аз назар гузаронида, нақшаи онро тасдиқ намуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






