МАШВАРАТИ РАИСОНИ СУДҲОИ МАМЛАКАТҲОИ СҲШ
Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 27 май дар Душанбе машварати панҷуми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай кушода мешавад. Дар он масъалаҳои марбут ба баробарҳуқуқии занону мардон дар қонунгузории давлатҳои аъзои СҲШ ва роҳу усулҳои қонунии мубориза ба муқобили азобу шиканҷа дар давлатҳои аъзои созмони мазкур баррасӣ карда хоҳанд шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки машварати чоруми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои СҲШ моҳи сентябри соли 2009 дар шаҳри Чолпонатои Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардида буд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






