МАШВАРАТИ РАИСОНИ СУДҲОИ ОЛИИ МАМЛАКАТҲОИ СҲШ
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе машварати навбатии панҷуми раисони судҳои олии мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оғоз ёфт. Машварат таҳти раёсати раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев баргузор мегардад. Дар он раисони судҳои олии Русия Вячеслав Лебедев, Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Шенсзюн, Қазоқистон Мисобек Олимбеков, иҷрокунандаи вазифаи раиси суди олии Қирғизистон Кубанич Мумбеков, муовини раиси суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шералӣ Раҳмонов, инчунин муовини Муншии умумии СҲШ Михаил Коноровский иштирок доранд. Иштирокчиёни маҷлис мавзӯъҳои «Баробарҳуқуқии занону мардон дар қонунгузории давлатҳои аъзои СҲШ» ва «Роҳу усулҳои ҳуқуқии мубориза ба муқобили азобу шиканҷа дар қонунгузории давлатҳои СҲШ» — ро муҳокима мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






