МАТНИ СУХАНРОНИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶТ
МАТНИ СУХАНРОНИИ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар нишасти матбуотӣ бахшида ба анҷоми иҷлосияи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ дар Душанбе, 18-20 майи 2010 Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, Ҳозирини гиромӣ, Пеш аз ҳама, зимни арзи салом ба шумо, бо изҳори хушнудӣ аз боздиди Ҷаноби Олӣ, профессор Акмалиддин Эҳсоноглу – Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ, эшонро ба Тоҷикистон, бори дигар, хушомадед мегӯям. Мо, ҳамроҳ бо ҷаноби Дабири кул, тасмим гирифтем, то роҷеъ ба натиҷаҳои яке аз муҳимтарин чорабиниҳои байналмилалӣ – нишасти 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ, ки 18 – 20 майи соли равон дар Душанбе таҳти шиори “Бо назари ҳамоҳанг барои амният ва шукуфоии ҷаҳони ислом” баргузор гардид, бо шумо, намояндагони муҳтарами расонаҳои хабарии ватаниву хориҷӣ, сӯҳбате дошта бошем. Тавре медонед, дар таърихи Тоҷикистон ва ҳатто Осиёи Марказӣ, ин нахустин бор буд, ки чунин як чорабинӣ дар Душанбе доир гардид. Қарори дахлдор дар ин бора дар иҷлосияи 36-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмон моҳи майи 2009 дар Димишқ — пойтахти Љумҳурии Сурияи Араб қабул шуда буд. Албатта, ин пеш аз ҳама далели рӯшани афзоиши эътибору манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, эътирофи сиёсати созандаи дохиливу хориҷии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти муҳтарами кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои узви Созмон мебошад, ки бо дастовардҳои гуногун дар бахшҳои иқтисод, илму фарҳанг, истиқрори сулҳу суботи фарогир ва ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои исломӣ, инчунин роҳандозӣ ва тавсеаи робитаҳои ду ва чандҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои исломӣ арзёбӣ мегардад. Аз сӯи дигар, шумо хуб медонед, ки чунин тасмимгириҳо, танҳо пас аз ба мувофиқа омадан ва ё овардани кишварҳои узви Созмон дар ин замина сурат гирифта, дар навбати худ, он бе саъю талоши лозима даст намедиҳад. Бинобар ин, метавон гуфт, он натиҷаи фаъолияти пайгирона ва муваффақонаи амалӣ намудани сиёсати хориҷии Сардори Давлат мебошад. Дар ин иҷлосия беш аз 100 ҳайъати гуногунпоя — 57 ҳайъати кишварҳои узви Созмон, 5 ҳайъати кишварҳои нозир, ҳайъатҳои созмонҳои мухталифи минтақавиву байналмилалӣ ва меҳмонон – ҷамъ то 700 нафар иштирок доштанд. Дар рафти иҷлосия масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, гуманитарӣ, илму технология, фарҳангиву иттилоотӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳо қарору қатъномаҳо қабул карда шуд. Дар ин росто ҷои таъкид аст, ки ду қатъномаи зерин: 1. Оид ба истифодаи захираҳо ва имкониятҳои транзитии кишварҳои ҳамҷавор ҷиҳати эҳёи иқтисодии Афғонистон (дар бахши масъалаҳои иқтисодӣ); 2. Истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар ҷаҳони Ислом, мубодилаи таҷриба ва маълумот, тақвият бахшидан ба ҳамкории минтақавӣ ва исломӣ дар ин соҳа (дар бахши масъалаҳои вобаста ба маълумоти олӣ, илму технология ва навоварӣ, тандурустӣ ва муҳити зист), ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, қабул гардид. Мавзӯи "Осиёи Марказӣ ва олами ислом: назари стратегӣ барои ҳамраъйӣ" ба сифати мавзӯи асосии мубоҳисаҳои фаъоли (brainstorming session) ҷаласаи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СКИ қарор гирифт. Гузашта аз ин, шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби ИСЕСКО ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2010 шинохта шуда буд, маросими эълони он низ маҳз дар ин иҷлосия, бо иштироки Президенти муҳтарами кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. 14 майи 2010 дар мавзеи Варзоб Анҷумани соҳибкорони кишварҳои узви Созмон бо соҳибкорони Тоҷикистон баргузор шуд. Ин ҳамоиш қадами муҳиме дар робита ба ошноии бештар бо шароиту фазои иқтисодӣ, роҳандозӣ ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратии миёни Тоҷикистону кишварҳои узви Созмон арзёбӣ шуда, умед аст, барои пешрафти муносибатҳои мутақобилан судманди беш аз пеш мусоидат намояд. Умуман, ҷониби мо ба нақши бештари Созмон дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ манфиатдор монда, хоҳони саъю талошҳои созанда ва ҳамкориҳои беш аз пеш густарда миёни кишварҳои узв дар ин замина мебошад. Баргузории иҷлосияи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СКИ дар Душанбе, умед аст, боиси такони тозае дар робитаҳои миёни Тоҷикистону Созмон ва ҳамзамон кишварҳои узв гардад. Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба роҳбарияти ҳамаи вазорату идораҳои дастандаркор барои ёрӣ ва иштироки фаъолонаашон дар корҳои омодагирӣ, ташкил ва гузаронидани ин чорабинӣ самимона сипосгузорам. Дар фарҷом ба шумо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, барои таҳия ва пахши хабару гузоришҳои воқеъбинона ва саҳми муносибатон дар инъикоси кори иҷлосия арзи сипос намуда, бароятон дар кору пайкори зиндагӣ комёбиҳо хоҳонам. Ташаккур.