МОДДАИ 2-И ҚОНУН АЗ ИБТИДОИ СОЛИ 2011 МАВРИДИ АМАЛ ҚАРОР ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 19 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-19 май палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид кард, ки тибқи он синни издивоҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни духтарон аз 17 ба 18 солагӣ, яъне як сол боло бурда мешавад. Масълаи мазкурро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайриниссо Юсуфӣ шарҳ дода, гуфт, ки ҳадафи асосии ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани маълумотнокии духтарон, ҷалб намудани онҳо ба таҳсил, омода сохтани бонувони ҷавон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии издивоҷи бармаҳал ва равияи нопойдорию сустбунёдии оилаҳои ҷавон дар кишвар мебошад. Бояд зикр кард, ки бо мақсади ба мушкилот мувоҷеҳ нашудани баъзе оилаҳои ҷавон дар ҷомеа моддаи 2-юми қонуни мазкур аз якуми январи соли 2011 мавриди амал қарор дода мешавад. Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир ба моҳияти қонуни мазкур дар ҷомеа ибрози назар карда гуфт, ки ин қонун дар таҳким ва устувории оилаҳои ҷавон дар кишвар нақши муассир мегузорад. Мавсуф афзуд, ки танҳо дар давоми соли 2009 дар Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор ҷавонон оила барпо намуданд, ки синни 1300 нафари онҳо аз 17 то 18 сола, 1, 5 ҳазор оила синнашон аз 16 то 17 сола ва 300 оилаи дигар синнашон 16 сола буданд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






