МУКОФОТИ ОЛӢ БА Э. ИҲСОНОҒЛУ ВА А. АЛТВАЛҶИРӢ
Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дирӯз, 18 майи соли 2010 дар нимаи дуюми рўз ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ рӯзнома ва барномаи кории ҷаласаро қабул намуда, кори худро идома бахшид. Иштирокчиёни он дар ҷаласаи корӣ баррасии масъалаҳо ва музокираҳоро давом доданд. Дар доираи рўзнома маросими ба имзо расидани Ойиннома ва созишномаҳое, ки дар ҳошияи СКИ қабул шудаанд, сурат гирифт. Аз ҷумла, Оинномаи Созмони Конфронси Исломӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид, Созмони Конфронси Исломӣ ва Бонки исломии рушд ёддошти тафоҳум имзо карданд. Ҳамчунин кори ҷаласаи “Кумитаи махсус” оғоз ёфт, ки он тибқи си ғаи нишасти коршиносони аршад сурат мегирад. Дар фароварди кори ҷаласа бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими пойтахти фарҳанги исломӣ эълон намудани шаҳри Душанбе сурат гирифт. Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг Абдулазиз Усмон Алтвалҷирӣ суханронӣ намуданд. Сипас ду фармони ба тозагӣ имзошудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат гардиданд ва Сарвари давлати Тоҷикистон шахсан ба Дабири кулли Созмони Конфронси Исломӣ Экмедиддин Иҳсоноғлу ва Дабири кулли Созмони исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг Абдулазиз Усмон Алтвалҷириро бо ордени “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи 1 қадр намуд. Баъд аз анҷом ёфтани ин маросим Роҳбари давлати Тоҷикистон ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳо барои идомаи ҷашни пойтахти фарҳанги исломӣ эълон шудани шаҳри Душанбе ба Бо ғи ботаникии шаҳр рафт. Имрӯз ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ дар “Кохи Сомон”-и Бўстонсарои ҳукуматӣ кори худро идома медиҳад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






