МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО АҲМАД ДОВУДУҒЛУ

Май 18, 2010 14:52

18 майи соли 2010 дар бўстонсарои ҳукумати мамлакат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷии Туркия Аҳмад Довудуғлу мулоқот намуд, ки дар он масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Туркияро шарики боэътимоди Тоҷикистон номида, аз сатҳи имрўзаи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кард. Бо ёдоварӣ аз шарикии анъанавии тиҷоратии ду кишвар таъкид гардид, ки тайи ду соли ахир ҳаҷми мубодилаи мол аз ним миллиард доллари амрикоӣ боло меравад. Зикр гардид, ки имрўз дар Тоҷикистон даҳҳо ширкатҳои туркӣ дар бахшҳои тиҷорат, саноат, сохтмон ва хизматрасонӣ, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ширкат меварзанд. Аҳмад Довудуғлу изҳор дошт, ки Туркия омода аст ба Тоҷикистон дар масъалаи шомил гаштан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ва ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ кўмак расонад. Густариши ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ низ матлуб дониста шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.                                                                                                       

Май 18, 2010 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд