МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО АБДУЛЛОҲ ИБНИ ЗОИД ОЛИ НАҲАЁН

Май 17, 2010 13:24

17 майи соли 2010 дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  бо Вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб шайх Абдуллоҳ ибни Зоид Оли Наҳаён, ки бо сафари расмӣ ва ҳам барои иштирок дар Иҷлосияи 37 – уми Созмони Конфронси Исломӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд. Гуфтугўйи судманд оид ба татбиқи амалии санадҳои сершумори қарордодию ҳуқуқӣ, аз ҷумла 7 санаде, ки зимни ду сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ба имзо расидаанд, сурат гирифт. “Аморот дар байни кишварҳои араб имрўз шарики бузургтарини тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад”, — бо қаноатмандӣ изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамзамон бо ин густариши ҳамкории бунёдии иқтисодӣ тавассути таъсиси гурўҳҳои муштарак ва тартиб додани нақшаи амал зарур шумурда шуд. Зарурати имсол гузарондани маҷлиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии ду кишвар оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ таъкид гардид. Таъсиси муассисаҳои муштараки гусфандпарварӣ, асалпарварӣ, истеҳсол ва содироти меваю сабзавот ва иштироки сармоягузорони Амороти Муттаҳидаи Араб дар татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷму судовари инфрасохтории Тоҷикистон мувофиқи матлаб дониста шуд. Ҳарду ҷониб ҳамчунин ба ифтитоҳи сафоратҳои мустақил дар пойтахтҳои якдигар изҳори ҳавасмандӣ карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Май 17, 2010 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд