МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ЛАТИФА АХАРБАШ
17 майи соли 2010 дар вохўрӣ бо Котиби давлатии Марокаш оид ба корҳои хориҷӣ ва ҳамкорӣ хонум Латифа Ахарбаш масоили густариши робитаҳои ду кишвар баррасӣ шуд. Латифа Ахарбаш нахуст салому паёми Подшоҳи Марокаш Муҳаммади Шашумро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳавасмандии зиёди ўро таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо кишвари мо расонд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз муштаракоти зиёди тьаърихию фарҳангӣ бо кишварҳои арабӣ, аз ҷумла изҳор дошт: — «Мо медонем, ки Марокаш чӣ дар чорчўбаи Созмони Конфронси Исломӣ ва чӣ дар минтақаи Маѓриби арабӣ соҳиби нуфузи бузург аст ва мо ба таҳкими робитаҳои ҳасана бо он манфиатдорем». ҳарду ҷониб омодагии худро ба ташкил ва густариши муносибатҳои густурдаи ҳамкорӣ таъкид доштанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо салому паём даъват намуд, ки Подшоҳи Марокаш Муҳаммади Шашум ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






