МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АҲМАД МУҲАММАД АЛӢ

Май 17, 2010 13:21

17 майи соли 2010 дар Қасри Миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як қатор меҳмонони олимақомро, ки баҳри иштирок дар Иҷлосияи 37 – уми Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Исломии Рушд Аҳмад Муҳаммад Алиро ба ҳузур пазируфта, ин ниҳоди бонуфузи молиявии минтақавиро   «яке аз шарикони асосии стратегии Тоҷикистон” арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки тайи солҳои гузаштаи ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки Исломии Рушд ба Тоҷикистон зиёда аз 180 млн. доллари амрикоӣ  қарзҳои имтиёзнок ва 2,5 млн. доллари амрикоӣ грантҳо ва кўмаки техникӣ ҷудо гаштааст. Доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми аз офатҳои пайдарпайи табиӣ зарардидаи Тоҷикистон, ба хусус аҳли хонавода ва наздикони шахсони талафёфта изҳори тасаллияту ҳамдардӣ карда, омодагии Бонки Исломии Рушдро баҳри расондани кўмакҳои башардўстона таъкид намуд. Ў аз ҷумла изҳор дошт, ки барои омўзиши ҳаҷми зарар ва кўмаки зарурӣ ба Тоҷикистон як гурўҳи кории Бонки Исломии Рушд фиристода мешавад ва таъкид дошт, ки “кўмак бештар ба кишоварзон расонда хоҳад шуд, то ки киштзорҳои зарардидаи онҳо барқарор карда шаванд”. Зимни сўҳбат оид ба имконоти маблағгузории лоиҳаҳои стратегии Тоҷикиситон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сохтмони нерўгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ, роҳу пулҳо, дастгирии соҳаи кишоварзӣ, саноат, маориф ва тандурустӣ гуфтугўйи судманд сурат гирифт. Таваҷҷўҳи зиёд ба маблағгузории кашидани хатти минтақавии интиқоли нерўи барқ КАСА-1000 ва сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон зоҳир карда шуд. Аҳмад Муҳаммад Алӣ изҳор дошт, ки “Бонки Исломии Рушд дар сармоягузории бунёди нерўгоҳҳои обии Тоҷикистон нақши намоён хоҳад дошт, зеро ин гуна нерўгоҳҳо манбаъи истеҳсоли нерўи арзон, таҷдидшаванда ва аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад”. Ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо дигар аъзои Гурўҳи Бонки Исломии Рушд, ба мисли Корпоратсияи исломии су?уртаи сармоягузориҳо ва қарзҳои содиротӣ, Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ таваҷҷўҳи хос зоҳир гардид. Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои пазироии  самимии ҳамоиши Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ арзи сипосу миннатдорӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Май 17, 2010 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
29 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳ аз ноҳияи Фирдавсӣ қариб 1700 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 34 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар конфронси тиббии КФО иштирок намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад