МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛЛО НАҲЁН

Май 17, 2010 11:44

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрўз, 17 майи соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдуллоҳ ибни Зоид Оли Наҳён бо сафари расмӣ ба Душанбе омад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, ӯро  дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ истиқбол намуд.            «Имрўз, дар нимаи аввали рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Арабро ба ҳузур мепазирад. Сипас ў бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Зарифӣ гуфтушунид ҷараён медиҳад», қайд кард манбаъ. Ба гуфтаи манбаъ дар нимаи дуюми рўз мулоқоти Шайх Абдуллоҳ ибни Зоид Оли Наҳён бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистое Шукурҷон Зуҳуров баргузор мегардад.  «18-20 май Вазири корҳои хориҷии Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб дар кори ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ иштирок хоҳад кард», дар охир гуфт манбаъ.    

Май 17, 2010 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад