МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛЛО НАҲЁН
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрўз, 17 майи соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдуллоҳ ибни Зоид Оли Наҳён бо сафари расмӣ ба Душанбе омад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ истиқбол намуд. «Имрўз, дар нимаи аввали рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Арабро ба ҳузур мепазирад. Сипас ў бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Зарифӣ гуфтушунид ҷараён медиҳад», қайд кард манбаъ. Ба гуфтаи манбаъ дар нимаи дуюми рўз мулоқоти Шайх Абдуллоҳ ибни Зоид Оли Наҳён бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистое Шукурҷон Зуҳуров баргузор мегардад. «18-20 май Вазири корҳои хориҷии Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб дар кори ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ иштирок хоҳад кард», дар охир гуфт манбаъ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






