МУЛОҚОТИ СОҲИБКОРОНУ ТОҶИРОНИ МАМЛАКАТҲОИ ИСЛОМӢ

Май 14, 2010 11:56

Душанбе,  14 май. (АМИТ «Ховар»,  Фирдавс  Таваров). —  Имрӯз   дар  қароргоҳи  берунишаҳрии  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  — «Пуғус» бо ташаббуси   вазорати  корҳои  хориҷии  ҷумҳурӣ, бо  дастгирии  Ҳукумати  мамлакат,  Кумитаи  давлатии  сармоягузорӣ  ва  идораи  амволи  давлат,  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҷумҳурӣ, котиботи  генералии  Созмони  конфронси  исломӣ ва  Палатаи тиҷоратию  саноатии мамлакатҳои  исломӣ дар  доираи  тайёрӣ  ба   маҷлиси  37 – уми  Шӯрои  вазирони  корҳои  хориҷии   давлатҳои  аъзои Созмони  конфронси  исломӣ  дар  мавзӯи «Нақши  тиҷорат  ва  сармоягузорӣ  дар рушди  муносибатҳои Тоҷикистон ва  мамлакатҳои  дигари  исломӣ»   мулоқоти   тоҷирону  соҳибкорон  кушода шуд. Дар  мулоқот   соҳибкорону тоҷирони   зиёда  аз  60  мамлакат   иштирок  доранд. Ҳадафи  асосии мулоқот  мусоидат  ба  рушди  тиҷорат  ва   сармоягузорӣ  ба  фаъолияти  корхонаҳои  муштараки   мамлакатҳои  исломӣ  мебошад. Дар  мулоқот  раиси  Кумитаи  давлатии   сармоягузорӣ  ва  идораи  амволи   давлатии  Тоҷикистон  Давлаталӣ  Саидов,   раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҷумҳурӣ  Шариф  Саид,  намояндагони  Созмони  конфронси  исломӣ  ва  Палатаи   тиҷорату  саноати  мамлакатҳои  исломӣ  сухан  карданд. Намояндагони Тоҷикистон,  аз  ҷумла,   муовини  аввали  раиси Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ  ва  идораи  амволи   давлат  Амонҷон  Эшонқулов  дар  бораи   имкониятҳои  сармоягузории  Тоҷикистон  сухан  ронданд.

Май 14, 2010 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд