МУРОҶИАТНОМАИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ
МУРОҶИАТНОМАИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ БА ХАЛҚҲОИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИТТИҲОД ВА ҶОМЕАИ ҶАҲОН БА ШАРАФИ 65 – СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941 — 1945 Халқҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 9 майи соли 2010 65 – солагии Ғалабаи халқи шӯравиро дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ботантана ҷашн мегиранд. Халқи сермиллати Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қувваҳои мусаллаҳи он дар ин ҷанги бераҳмона ва даҳшатнок озодӣ ва истиқлолияти ватани худро ҳимоя карда, бисёр мамлакатҳои ҷаҳонро аз ғуломии фашистӣ наҷот доданд. Халқҳои мо дар ҷабҳаи ҷанг ва ақибгоҳ фидокорӣ, қаҳрамонии оммавӣ, ватандӯстӣ ва интернатсионализм, инчунин устувории бемисру монанд зоҳир намуданд, ки бе онҳо ғалаба имконнопазир буд. Таърих чунин устуворӣ ва матонатро дар ёд надорад. Чунин иродаи мустаҳками халқҳои шӯравӣ ба ғалаба низ дар саҳифаҳои таърих сабт наёфтааст. Бо гузашти солҳо бузургию шаҳомати қаҳрамонӣ ва шуҷоати халқҳои мо коҳиш намеёбад. Ҳар қадар аз итмоми ҷанг солҳои зиёд гузаранд, аҳамияти рисолати таърихии аскару афсари Ғалаба равшану возеҳтар дарк карда мешавад, зеро онҳо ҳуқуқи моро ба оянда ҳимоя карданд. Бинобар ин мо ба халқҳои давлатҳои аъзои Иттиҳод ва ҷомеаи ҷаҳон муроҷиат карда, имрӯз ба ҳамаи ветеранҳои ҷанг, ки дар мамлакатҳои мо зиндагӣ мекунанд, самимона изҳори сипос менамоем. Мо даъват мекунем, ки қаҳрамонон ва ғолибони ҷанг на танҳо бо сухан, балки дар амал мавриди иззату икром ва эҳтиром қарор дода, ба иштирокчиёни ҷанг ва коргарони ақибгоҳ ҳамарӯза ғамхорӣ зоҳир намуда, онҳоро аз мадди назар дур накунем ва барояшон шароити мӯътадили зиндагӣ фароҳам созем. 9 май — Рӯзи Ғалаба барои халқҳои мо ҳамчун рӯзи тантанаи адолат, ифтихор ва ғаму андӯҳи умумихалқӣ аз ҳалокати миллионҳо одамон дар ин ҷанги бераҳмона ва пурдаҳшат боқӣ мемонад. Номи онҳое, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонона ҳалок гардидаанд, азизу муқаддас мебошад. Мо дар назди онҳое, ки ба ивази ҳаёти худ Ватан ва озодии моро ҳимоя кардаанд, қарздорем. Мо қаҳрамонии аскарон ва коргарони ақибгоҳро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем, ки халқҳои ҷаҳонро аз асорати фашизм наҷот додаанд. Бинобар ин даъват менамоем, ки хотираи аскарону афсарони барои озодию истиқлолияти Ватан ҳалокшуда ҳамеша пос дошта, қабристонҳои ҷанговарони ҳалокшуда, комплексҳои меъморӣ, ҳайкалҳои ёдгорӣ, инчунин қабрҳои партизанҳо, пинҳонкорон ва асирони лагерҳои фашистӣ ҳамеша нигоҳубин карда ва обод сохта, ҷустуҷӯи боқимондаҳои ҷасадҳои аскарону афсарон ва сокинони маҳаллии солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз дасти ишғолгарони фашистӣ ҳалокгардида пурзӯр карда шавад. Мо Ғалабаро ба худию бегона тақсим намекунем, ҳамеша ба мардонагии онҳое эҳтиром мегузорем, ки ба фашизм муқобилат нишон додаанд. Мо саҳми иттифоқчиёнамонро дар иттиҳоди зиддигитлерӣ ба таъмини Ғалаба ва кӯмаки бузурги онҳоро дар хотир дорем. Вале бояд гуфт, ки муҳорибаҳои асосии ҷанг дар фронти шӯравию Олмон сурат гирифтанд. Мамлакатҳои мо солҳои ҷанг даҳҳо миллион шаҳрвандони худро талаф доданд. Дар байни қурбоншудагон намояндагони ҳамаи миллатҳо ҳастанд. Мо бо назардошти саҳми ҳалкунандаи халқҳои давлатҳоямон дар таъмини Ғалаба даъват менамоем, ки насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз таърихи умумии қаҳрамонона ва корнамоии бузург дар мубориза ба муқобили фашизм тарбия карда шавад. Мо ҷонибдории худро аз принсипҳо ва меъёрҳои байналмилалии аз тарафи умум эътирофгардида, нуктаҳои Оинномаи СММ ва Ҳуҷҷати хотимавии Хелсинки изҳор карда, даъват мекунем, ки халқҳои ҷаҳон ҳамкориро барои таҳкими амнияту субот дар саросари олам вусъат дода, муборизаро ба муқобили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ тақвият бахшида, муноқишаҳои мавҷуда ва ояндаи имконпазирро бо роҳҳои сиёсӣ ва мусолиматомез бартараф сохта ва пешгирӣ намоянд.