НАМОИШ БАХШИДА БА МУАРРИФИИ ДУШАНБЕ — ҲАМЧУН ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИ ИСЛОМӢ
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 18 май дар Боғи ботаникии шаҳр аз ҷониби Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) қисмати фарҳангии муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2010 баргузор мегардад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорати фарҳанг хабар доданд, рӯзи аввали ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аьзои Созмони конфоронси ислом , ки дар толори Кохи "Сомонӣ" аз 18 то 20 май доир мегардад, меҳмонон барои идомаи расмии тантанавии муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги ислом дар соли 2010 аз Боғи ботаникӣ дидан хоҳанд кард. Дар боғ меҳмонон намоишгоҳои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ , аксҳои мусаввари ёдгориҳои таьрихию фарҳангии Тоҷикистон, намоиши дастхатҳо, сару либоси миллии суннатии тоҷик ва кадбонуёни тоҷик ошно хоҳанд гардид. Ҳамчунин меҳмонон аз барномаи ҳунарии ансамбли фолклорӣ, ки аз қабили фалаксароӣ, мақомхонӣ, навозандагӣ бо рақсҳои аньанавии манотиқи мухталифи Тоҷикистон ошно мегарданд. Бояд қайд намуд, ки намоишгоҳ бо нишонҳои шаҳри Душанбе, ИСЕСКО ва рамзи "Душанбе пойтахти фарҳанги ислом дар соли 2010" зебу зиннат дода хоҳад шуд.