НАТИҶАҲОИ МАҶЛИСИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СҲШ

Май 24, 2010 11:23

Тошканд,  24 май. (АМИТ «Ховар»). —  22  май  дар  пойтахти  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  — шаҳри  Тошканд  маҷлиси  навбатии   Шӯрои  вазирони корҳои  хориҷии  давлатҳои  аъзои  Созмони  ҳамкории  Шанхай  баргузор  гардид. Дар  он   котиби давлатӣ —  вазири  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Қазоқистон  Қанот Саудабоев,  вазири  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин Ян Сзечи,  муовини  вазири   корҳои  хориҷии  Қирғизистон — ҳамоҳангсози  миллии Қирғизистон  дар  СҲШ Туландӣ Макеев,  вазири  корҳои  хориҷии  Русия  Сергей  Лавров,  вазири  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ ва  вазири  корҳои  хориҷии  Ӯзбекистон Владимир  Норов  ширкат  варзиданд. Дар  маҷлис Дабири  кулли  СҲШ  Муродбек  Имоналиев ва  директори  Кумитаи  иҷроияи   сохтори  минтақавии  зиддитеррористии  СҲШ  Ҷанисбек  Ҷуманбеков  ҳузур  доштанд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки Президенти  Ӯзбекистон Ислом  Каримов  иштирокчиёни  маҷлисро  ба  ҳузур   пазируфт. Маҷлис  таҳти раёсати   вазири  корҳои  хориҷии  Ӯзбекистон В. Норов  гузашт. Вазирони  корҳои  хориҷӣ  масъалаҳои  тайёрӣ  ба маҷлиси  Шӯрои   сарони давлатҳои  аъзои  СҲШ – ро  муҳокима  намуданд, ки  рӯзҳои  10 – 11 июн  дар  Тошканд  баргузор  мегардад. Онҳо роҷеъ ба проблемаҳои муҳимтарини   минтақавию  байналмилалӣ  ва   умумибашарӣ,  тамоили   рушди  вазъияти  ҷаҳон,  масъалаҳои  марбут  ба  таъмини  амният  дар  минтақаи  Осиёи  Марказӣ,  таҳкими  минбаъдаи  мавқеи  СҲШ ҳамчун  созмони  мӯътабари  байналхалқӣ ва  вусъати  равобити он  бо   созмонҳои  дигари  байналмилалӣ  табодули  назар  намуданд. Иштирокчиёни  маҷлис  бо  халқи  Қирғизистон  ҳамдилӣ  изҳор  намуданд, ки  дар  шароити  имрӯза  вазъияти  ниҳоят  душворро  аз  сар  мегузаронад. Роҳбарони  ҳайатҳо  изҳор намуданд, ки мамлакатҳояшон  тайёранд дар  мавриди  зарурат  ба  халқи  қирғиз  дасти  мадад  дароз  кунанд. Қайд  карда  шуд, ки  баъди  маҷлиси  гузаштаи  Шӯрои  сарони  давлатҳои  аъзои  СҲШ   моҳи  июни  соли  2009  дар  Екатеринбург  барои  бештар  сохтани самараи  фаъолияти  созмон  корҳои  зиёде  ба  сомон  расонида  шуданд. Иштирокчиёни  маҷлис  вобаста ба   вазъияти  ноором  ва  муташанниҷи  Афғонистон  изҳори ташвиши  ҷиддӣ  намуданд. Зикр  шуд, ки  таъмини  амнияти  тамоми  минтақаи  Осиёи  Марказӣ  ба  вазъияти  Афғонистон   вобаста  мебошад. Бо  ташаббуси  ҳайати  Ӯзбекистон  эъломияи  муштарак   дар  бораи  ҳамкории   котиботи  СҲШ  ва  СММ  имзо  карда шуд. Дабири  кулли  СҲШ М.Имоналиев   дар  бораи  фаъолияти котибот  дар  давоми  соли  гузашта  ҳисобот  дод. Маҷлис  дар  рӯҳияи  муносибатҳои  анъанавии  дӯстона  ва  ҳусни  ҳамҷавории  мамлакатҳои  аъзои  созмон   гузашт.

Май 24, 2010 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!