ОФАТИ ТАБИӢ ХУЧАНДИЁНРО ҲУШДОР ДОД
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Субҳи рӯзи 26 май дар қисмати шимоли мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд пайваста бо бориши борони тез шамоли шадид вазид, ки тибқи иттилои Ситоди шаҳрии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ суръаташ дар ҳар сония 19 — 20 метрро ташкил дод. Бар асари он шаҳри Хуҷанд ҳисороти ҷиддӣ дид. Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки cитоди шаҳрии бартарафкунии оқибати офати табиӣ тамоми имконият ва воситаҳои техникии муассисаҳои хизматрасон ва сохторҳои дахлдор, аз ҷумла ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳрро барои аз дарахтони решаканшуда, шохаҳои шикаста, тахтаҳои рекламавии кандашуда, тоза кардани роҳу кӯчаҳо ва пиёдароҳу пайраҳаҳо, таъмини ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт, дар муассисаҳои дигар бошанд, барои ғундоштани шиферу шишаҳои шикаста ва умуман ба ҳолати муқаррарӣ овардани саросари шаҳр, равона кард. То нимаи дуюми рӯз ин корҳо пурра ба анҷом расонида шуданд. Алҳол мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин бартараф кардани ҳисороти бар асари шамоли сахт расида тадбирҳои мушаххасро амалӣ мегардонад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






