ОМӮЗИШИ ИХТИСОСИ ОРТОПЕДӢ — ПРОТЕЗӢ
Душанбе, 25 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Қарор аст, ки нимаи дуюми моҳи июн ду нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи озмун барои таҳсил аз рӯи ихтисоси технологи ортопедӣ-протезӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон фиристонида мешаванд. Ин ва дигар масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ зимни мулоқоти Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов бо директори лоиҳаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Дидер Рик дар Душанбе баррасӣ гардиданд Назар ба иттилои сардори шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Абдулло Қодирӣ, мусоҳибон ҳамчунин, масъалаи тармиму бозсозии бинои заводи ортопедию протезӣ ва муассисаҳову хона- интернатҳое, ки тобеи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ мебошанд, муҳокима намуданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






