ОЗМУН БАРОИ ОЛИМОНИ ТОҶИК
Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Барномаи «Равобити ҷамоатҳо», ки фаъолияти он аз ҷониби Агентии рушди байналмилалии ИМА сармоягузорӣ мешавад, барои интихоби иштирокчиёни таҷрибаомӯзии касбӣ дар ИМА озмун эълон менамояд. Дар озмун мутахассисоне ширкат меварзанд, ки дар соҳаҳои таҳкиқоти илмӣ кор кунанд. Иштирокчиёни барнома дар ИМА бо тарзу усулҳои амалии ҳамгироии натиҷаҳои таҳкиқоти илмӣ дар фаъолияти созмонҳои ҳукуматӣ, ҷамъиятӣ, инчунин усулҳои таъсири натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ба ҷараёни қонунгузорӣ шинос мегарданд. Ғолибони озмун барои таҷрибаомӯзӣ ба ИМА моҳи сентябри соли равон фиристода мешаванд. Ғолибони озмун бо роҳи озмуни кушоди умумиҷумҳуриявӣ муайян карда мешаванд. Бояд гуфт, ки барои иштирокчиёни озмун донистани забони англисӣ шарт нест.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






