ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Агентии «Тоҷикстандарт» бо иштироки соҳибкорони ватанӣ семинар доир гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуотӣ Агентии мазкур Мирзовалӣ Абдуллоев гуфт, «дар ин семинар соҳибкорон оид ба истеҳсоли маҳсулоти беҳтарин ва хизматрасонии беҳтарин дар ҷумҳурӣ ибрози ақида намуда, аз шартҳои озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумоти муфассал дарёфт кардаанд. Бояд гуфт, ки аз 1-уми майи соли равон то моҳи август Агентии «Тоҷикстандарт» озмуни умумиҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Тоҷикистон»-ро эълон кардааст, ки он дар чунин бахшҳо доир мегардад: 1.Маҳсулоти озуқаворӣ, 2.Маҳсулоти саноатӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои халқӣ. 3.Маҳсулоти таъиноти истеҳсолии техникӣ (ғайр аз яроқу аслиҳа ва теҳникаи ҳарбӣ), 4. Аз рӯи хизматрасонии хӯроки умумӣ. 5. Нуқтаҳои таъминоти сӯзишворӣ. Қобили қайд аст, ки ин озмун соли дуввум аст, ки бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ доир мешавад. «Соли ҷорӣ низ ғолибони озмун бо нишони маҳсулоти беҳтарин ва дигар тӯҳфаҳои таъсисдодаи ҳакамони озмун мукофотонида мешаванд», — зикр кард Мирзовалӣ Абдуллоев.