ПАРВОЗҲОИ ТАШХИС ДАР ФУРӮДГОҲИ ДУШАНБЕ
Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева).- Фурӯдгоҳои замонавӣ бо техника ва асбобҳои махсусе, ки дараҷаи дарккунӣ доранд муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва барои қабули ҳамагуна намудҳои ҳавопаймоҳои ҷаҳонӣ омода аст. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Маҳмаюсуф Шодиев иттиллоъ дод, мутобиқи қарори ташкилоти байналхалқии ҳавопаймо "ИКАО" дар сурати ошкор гардидани камтарин норасоии техникӣ парвозҳои ҳавопаймоҳои муосири мусофирбар ба онҳо иҷозати нишаст ва парвоз дода намешавад. Тавре маълум аст, фӯрудгоҳи Душанбе бо 19 ширкатҳои ҳавопаймоии дохил ва хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад. Барои таъмини амнияти парвозҳо, нишаст ва парвозҳои бомуваффақият техникаи муосир истифода мешавад. Хати парвоз ва атрофи он бо асбобҳои қабулкунандаи мавҷи радиоӣ ва дигар сигналҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Техникаи мазкур дар доираи қарори ИКАО ҳамасола аз ташхиси махсуси лабораторӣ мегузарад. Лабораторияи чунин асбобҳо бошанд дар ҳавопаймои махсус ҷойгир карда шудааст, ки дар натиҷаи чандин маротиба дар ҳолати парвоз қарор доштани лаборатория ва мавриди ташхис қарор додани ин ё он асбоб ҳолати коршоямии он тасдиқ карда мешавад. Дар доираи ташхиси солона ва назорати техникии таҷҳизот, асбоб ва дигар аппаратҳои мавҷфиристонанда ва мавҷқабулкунанда, ки барои нишасту парвози ҳавопаймоҳо равона карда шудааст, фурудгоҳҳои Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд аз 11 то 14 майи соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони москвагӣ мавриди ташхис қарор мегиранд. Аз таҷрибаи солҳои гузашта маълум мегардад, ки ҳангоми гузаронидани санҷиш ва ташхиси техникӣ ва муайян намудани коршоямии асбоб ва техникаҳои махсуси фурудгоҳ ҳавопаймои ташхискунандаро зарур аст, ки то пурра муайян кардани ҳолати коршоямии асбоб чандин маротиба рӯи хати нишасти фурудгоҳ поин шуда, нанишаста боло шавад. Ин гуна парвозҳо то пурра муайян намудани дараҷаи коршоямии таҷҳизот ва асбобҳои фурудгоҳ сурат мегиранд. Манзараи мазкур боиси паҳн шудани овозаҳои гуногун миёни шаҳрвандон мегардад. Бинобар ин, шаҳрвандоне, ки шоҳиди чунин парвозҳо мешаванд бояд огоҳ бошанд ва дар сурати дидани манзараи мазкур донанд, ки чунин парвозҳо барои ташхиси техникаи махсуси дар фурӯдгоҳ ҷойдошта анҷом дода мешаванд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






