ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РАҲНАМОИ ПЕШРАФТ

Май 6, 2010 07:57

            Абдулло Ёров,     РАИСИ ШСХК «БАҚИ ТОҶИК»    Аз Паём то Паём  як марҳилаи муҳимест, ки пешрафту дастовардҳо ва нуқсону камбудиҳо дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ таҳлил гашта, дар назди мақомоти роҳбарикунанда, вазорату идораҳо, хоҷагии халқ ва ҳар шаҳрванди кишвар вазифаву дастурҳои нав гузошта мешавад, ки бояд аз рӯи он амалу фаъолият намуд.  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 24 апрели соли ҷорӣ ба самъи ҳамаи сокинони кишвар расид, низ чунин як ҳуҷҷати муҳим буд. Ба ҳама маълуму аён аст, ки Паёми соли гузаштаи Сарвари давлат бобати таъминот ва истифодаи нерӯи барқ як гардиши муҳим ва манфиатбахшеро ҳувайдо намуд. «Дар шароити иқтисоди бозорӣ ва махсусан, бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ мувофиқи захираву имкониятҳои кишвар ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ, пеш аз ҳама барқу газ ва об, аҳамияти бузург дорад»- дастур дода буд ба мо дар   Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми поринаи худ. Вақт исбот кард, ки  ин даъвати Президенти кишвар, ки онро  фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 24 апрели соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» боз ҳам тақвият бахшид, манфиати фаровоне овард. Дар овони муосир норасоии барқ тақрибан  дар тамоми дунё  эҳсос мегардад,  ва,  аз рӯи маълумоти СММ,   сол то сол бештар талабот ба нерӯи барқ  меафзояд. Барои кам намудани таъсири ин норасоӣ, дар тамоми сайёра, олимону коршиносон тавсия медиҳанд, ки баробари афзун кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ, яъне сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқӣ ва таҷдиду модернизатсияи воситаҳои мавҷуда, мақсаднок ва сарфакорона  истифода бурдани нерӯ зарур ва тадбири хеле муҳиму ногузир аст.. Дуруст аст, ки бо кӯшишу дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо ҳам сохтмони иқтидорҳои нави энергетикӣ сол то сол вусъат меёбанд ва ҳам иқтидорҳои мавҷуда таҷдид мешаванд. Бо вуҷуди ин, мутобиқи шароиту имконияте, ки дорем, сарфакорона истифода бурдан ва сӯйистеъмол накардан дар истифодаи нерӯи барқ барои мо бояд ба меъёри зиндагиву рӯзгор ва кору фаъолиятамон табдил ёбад. Манфиатбахш будани инро дастуру нишондоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дуруст ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ, алалхусус масъалаи ба истифодаи  лампаҳои каммасраф гузаштан, ки на танҳо боиси дар ин овони душвор сарфа намудани 2 миллиард кВт.соат нерӯи барқ гардид, балки маърифати мардумро бобати аз барқ сарфакорона ва бомақсад истифода бурдан, таҳким бахшид, амалан исбот намуд. Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат масъалаи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ боз ҳам ривоҷ ёфт.  «Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат бо мақсади муайян намудани тартиби таҳияи фондҳои сарфаҷӯии энергия ва дар амал татбиқ намудани онҳо дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯии энергия» ва ба шароиту афзалиятҳои имрӯзаи мамлакат мутобиқ гардонидани он тадбирҳо андешад» — таъкид мегардад дар Паём. Амалан, дастгирӣ ва кӯмаки Президенти Тоҷикистон бобати рушду нумӯи энергетика рӯзафзун аст. Ин аст, ки Энергетикаи тоҷик  сол то сол пеш меравад ва дараҷаи таъминоти мардум бо барқ беҳ мегардад. Дар соли гузашта пурра ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ва   Хатти интиқоли барқи 500кВ «Чануб-Шимол» мисоли рӯшани ин аст. Бояд хотиррасон намуд, ки НБО-и «Сангтӯда-1»  баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави собиқи ин давлати абарқудрат бузургтарин иншооти энергетикие буд, ки ба истифодабарӣ дода шуд. Он имконият фароҳам овард, ки дар давраи тирамоҳу зимистони сипаришуда 880 миллион кВт.соат нерӯи барқи иловагӣ истеҳсол гардад.  Ба истифода додани Хатти интиқоли барқи 500кВ «Ҷануб-Шимол» низ дастоварди хеле калон дар пешрафти соҳа  ба ҳисоб меравад. Дар зиёда аз ҳафтод соли мавҷудияти системаи энергетикии Тоҷикистон қисмати  ҷануб ва маркази Тоҷикистон, ки вобаста ба шароитҳои табиӣ қисми зиёди иқтидорҳои энергетикӣ дар ин ҷо воқеанд, аз шимоли кишвар ҷудо буд. Мо ба ҷануби ӯзбекистон барқ медодем ва дар як вақт аз ӯзбекистон барои шимоли мамлакат барқ мегирифтем. Акнун бошад, имконият фароҳам омад, ки  тавассути нерӯгоҳҳои худӣ ба шимоли мамлакат барқ интиқол диҳем. Дар дигар мамолик ва кишварҳо низ хатҳои интиқоли барқ бунёд меёбанд, вале дар чунин шароит ва релефи мураккаб бунёд намудани хати интиқоли баландшиддат амали хеле ҷасурона ва шоистаи таҳсин аст. Дар Паёми имсолаи Президент бобати бунёдкориҳои нав ва истифодаи максималии захираҳои энергетикии кишвар дастурҳои хеле муҳиму мушаххас пешниҳод мегарданд. «Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати «Барқи тоҷик», мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати татбиқи Барномаи дарозмӯҳлати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020-ум дар хусуси сохта, ба истифода додани беш аз 60 нерӯгоҳи хурд дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар давоми солҳои 2010-2011 чораҳои мушаххас андешанд»- таъкид шудааст дар Паёми Президент. Ин як барномаи амали энергетикҳост. Бояд таъкид намуд, ки дарёву ҷӯйҳои Тоҷикистон ва шароити маҳал дар бисёр мавзеҳои кишвар имконияти бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаро муҳайё месозад. То ибтидои соли ҷорӣ  дар ҷумҳурӣ 219 адад нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ амал менамуданд, ки дар якҷоягӣ 13,8 МВТ иқтидори истеҳсолӣ доштанд. Дар семоҳаи аввали  соли  2010 бошад,  8 адад нерӯгоҳҳо, бо иқтидори 159 кВТ, сохта шуд. Алҳол  сохтмони 19 адад нерӯгоххо идома дорад, ки иқтидори умумии онҳо 9,8 МВТ-ро ташкил медиҳад. Баъди дастури Президенти кишвар ин раванд тақвияти тоза пайдо менамояд. Талафоти технологии нерӯи барқ солҳо боз ба проблемаи хеле душвори системаи энергетикӣ табдил ёфтааст. Аз ибтидои сол кор тавре ба роҳ монда шудааст, ки бояд ҳисобу китоби энергеия ва пардохти ҳаққи он саҳеҳ гардонида шавад. Дар Паёми Президент иникос ёфтани ин проблема масъулияти моро баландтар ва вазифаҳоямонро мушаххас менамояд.   «Вазорати энергетика ва саноат ва Ширкати “Барқи тоҷик” якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои паст намудани талафоти нерӯи барқ, аз ҷумла талафоти техникии он чораҷӯӣ намоянд»,-гуфта мешавад дар Паёми Президенти кишвар.             Дар ширкати «Барқи тоҷик» шурӯъ аз ибтидои сол бобати кам кардани талафоти нерӯ дар заминаи саҳеҳ кардани ҳисобу китоби интиқол ва истифодаи нерӯи барқ ва муносибати самимӣ ба иҷрои вазифа дар ин соҳа тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Масъулият ва мавқеи  раёсати «Фурӯши барқ», ки бевосита ба ҳисобу китоби барқи истифодашуда ва пардохти ҳаққи барқ машғул аст, баланд бардошта шуд. Дар назди он нозирот ташкил ёфт. Ба ғайр аз ин, тамоми роҳбарият ва масъулони ширкат бобати назорати ин масъала ба участкаҳои муҳим вобаста карда шудаанд. Масъала тавре ба роҳ монда шудааст, ки бояд мардум амиқ дарк намоянд, ки барқ ҳам маҳсулот аст ва онро дигар ройгон  гирифтан мумкин нест. Ҳозир қарзҳои ҷории аҳолӣ аз ҳисоби барқ зиёда аз 55 миллион сомониро ташкил медиҳад. Барои кам намудани ин қарз мо тамоми чораҳои фаҳмондадиҳиро меандешем. Дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муроҷиатномаи Раиси ширкати «Барқи тоҷик» ба тамоми муштариён таҳия ва нашр шуд, ки он муҳим ва ногузир будани пардохти ҳаққи барқ ва сарфакорона аз он истифода бурданро ҳамчун омили муҳими таъминоти бештар бо барқ мефаҳмонад. Аз дигар тараф – ин як воситаи шаффоф намудани фаъолият ва вобаста ба проблемаи барқ иттилои бештар доштани аҳолии кишвар мебошад. Дар ширкат телефони боварӣ амал менамояд, рақамҳои он тавассути матбуот ва телевизион эълон шудаанд ва ҳар муштарӣ метавонад  фикру дархост ва арзу шикояти худро иброз намояд. Ҳар рӯзи шанбе раиси ширкат, муовинони он ва роҳбарони хадамоти масъул корафтодагонро қабул менамоянд ва баҳри иҷрои хоҳишу дархости онҳо масъалаҳоро баррасӣ менамоянд.             Ҳамин тариқ, Паёми имсолаи Президенти кишвар барои пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар  уфуқи вусъатноки наверо ифтитоҳ намуд. Ба андешаи мо, Паём маҷмӯаи  дастуру нишондодҳои хеле манфиатбахе мебошад, ки раванди тараққиёти имсолаи Тоҷикистони соҳибистиқлоро муайян менамояд. Бо ин дастуру нишондодҳо амал намудан маънои ба муваффаққият ноил шуданро дорад.   

Май 6, 2010 07:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст