ПЕШОМАДИ ХУБИ САНОАТИ БОФАНДАГӢ
Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Ассотсиатсияи соҳибкорони Тоҷикистон Зайд Саидов, дар сурати ташкили шароити хуби кори соҳибкорони саноатӣ, соҳибкорони тоҷик дар бозори ҷаҳонӣ ҷойи худро пайдо хоҳанд кард. Барои мисол маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаи дӯзандагии «Гулистон» дар бозори хориҷи кишвар харидори худро пайдо кардааст ва маҳсулоти истеҳсол кардаи ин корхона аз маҳсулоти ба он шабоҳат доштаи давлатҳои хориҷ сифатан боло меистад. Додани шароити мувофиқ барои соҳибкорӣ дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба он оварда расонид, ки онҳо дар бозори ҷаҳонӣ доираи истеҳсоли маҳсулоти саноати бофандагии Русия ва Чинро танг намуданд. Аз ин рӯ, ба ақидаи Зайд Саидов, фароҳам овардани шароит барои соҳибкорӣ дар соҳаи саноати сабук ин соҳаро ба соҳаи аз ҳама ояндадор табдил хоҳад дод.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






