РАФТИ КИШТИ ЗИРОАТҲОИ ТЕХНИКӢ
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Аз рӯи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дурнамои кишти зироатҳои техникӣ дар ҷумҳурӣ 207 ҳазору 930 гектар мебошад ва то санаи 24 май дар майдони 184 ҳазору 607 гектар замин кишти зироатҳои техникӣ гузаронида шудааст, ки ба 88,8 фоизи иҷрои дурнамо баробар мебошад. Дурнамои кишти зироатҳои техникӣ дар вилояти Суғд 64 ҳазору 506 гектар мебошад ва то санаи зикршуда майдони 62 ҳазору 110 гектар замин кишти зироатҳои техникӣ гузаронида шуда, 96,3 фоизи иҷрои дурнаморо дар бар мегирад. Дар вилояти Хатлон дурнамо ба 130 ҳазору 325 гектар баробар буда, то имрўз дар майдони 109 ҳазору 274 гектар, баробар ба 83,8 фоизи иҷрои дурнамо, кишти зироатҳои техникӣ гузаронида шудааст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ бошад, дурнамо 13 ҳазору 028 гектар буда, айни замон дар майдони 13 ҳазору 168 гектар замин кишти зироатҳои техникӣ (101,1%) гузаронида шудаааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






