РАФТУ ОМАДИ ТОҶИКИСТОНИЁН МАҲДУД КАРДА ШУД

Май 24, 2010 16:36

Душанбе,  24 май. (АМИТ «Ховар»,  Фарангис  Раҳимова). —  Мақомоти  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  бо мақсади  пешгирии  имконияти  паҳн  гардидани  бемории фалаҷи  ҳароммағз   вуруди  шаҳрвандони  Тоҷикистонро  ба  қаламрави Ӯзбекистон  тавассути  гузаргоҳи  сарҳадии  «Братство» маҳдуд  сохт. Аз сафорати  Ӯзбекистон  дар  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар» хабар  доданд, ки  дар  ин  бора  ҳанӯз  13  май  ба  Вазорати  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон ёддошти  дахлдор  супорида шуда буд. Айни  ҳол  танҳо ба вуруди   дипломатҳо ва  шаҳрвандони  дигари  Тоҷикистон, ки барқия  доранд ё  аз  Ӯзбекистон  ба  ватан  бармегарданд,  инчунин   шаҳрвандони  мамлакатҳои  дигар¸ шаҳрвандони  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон,  ки дар  қаламрави   Тоҷикистон  мебошанд,  инчунин  ронандагони   мошинҳои транзитии  боркаш иҷозат  дода  мешавад. Маҳдудияти  рафту  омади   шаҳрвандони  Тоҷикистон ба  Ӯзбекистон  танҳо  ба  сокинони  ноҳияҳои  наздисарҳадии   Тоҷикистон   дахл  дорад,  ки  бераводид ба  ҳудуди  ноҳияҳои  ҳамсарҳади  Ӯзбекистон  гузашта то 5  рӯз  дар  он ҷо  буда  метавонанд,  инчунин   ба  онҳое  дахл дорад, ки бо раводиди туристӣ рафтан  мехоҳанд. Маҳдудияти  рафту омади   шаҳрвандон  ба  қаламрави  Ӯзбекистон то  пурра  барҳам додани  беморӣ  дар  Тоҷикистон  давом  хоҳад кард.  

Май 24, 2010 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад