САФАРИ Қ. РАСУЛЗОДА БА КӮЛОБ
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз ҷониби шаҳру навоҳӣ ва ташкилоту корхонаҳои вилояти Суғд ба мардуми дар натиҷаи офати табиӣ зарардидаи вилояти Хатлон дар ҳудуди беш аз 3 гектар замин бунёди 40 хонаи истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, ки дар минтақаи Кӯлоб бунёд карда мешавад, 25 май ба ин минтақа ташриф оварда, аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан кард. «Офати табиии дар ин вилоят ба амаломада тамоми сокинони кишварро бетараф гузошта наметавонад ва имрӯзҳо мардуми вилояти Суғд низ дар радифи тамоми сокинони кишвар дастгиру мададгори ин мардум мебошанд», — гуфт Қ. Расулзода. Раиси вилояти Суғд сохтмончиён ва шахсони масъулро муваззаф намуд, ки корҳои сохтмониро то санаи 1 августи соли равон пурра ба анҷом расонанд ва ин манзилҳо аз номи мардуми Суғд ба аҳолии зарардидаи вилояти Хатлон бо тамоми шароитҳои зарурии зист тақдим хоҳанд гашт. Алҳол дар ин мавзеъ 57 нафар сохтмончиён аз вилояти Суғд ва беш аз 150 нафар коргарони маҳаллӣ манзилҳои истиқоматӣ бунёд мекунанд. Пудратчии асосӣ 5 ташкилоти сохтмонии вилояти Суғд аст. Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон оғози моҳи майи соли равон дар натиҷаи боришоти борони шадид ва омадани сел 270 хона пурра ва 800 хона қисман вайрон шуданд. Умуман, дар минтақаи Кўлоб 453 хона пурра ва 1764 хона қисман хароб гашта, 19 мактаб, 12 беморхона, 80 пул, 531 километр роҳҳои мошингард, 29 километр соҳилҳои дарёву каналҳо, 122 километр каналу заҳбур, 109 километр хатҳои барқу алоқа зарар дида, қариб 20 ҳазор гектар замини кишт ва боғу токзор зери лойқа ва сангу шағал мондааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






