САФАРИ Ҳ.ЗАРИФӢ БА ТОШКАНД
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Пагоҳ, 22 май дар шаҳри Тошканд маҷлиси навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ баъди чошти имрӯз барои иштирок дар маҷлиси мазкур ба Тошканд меравад. Дар маҷлис масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ муҳокима карда хоҳанд шуд. Иштирокчиёни маҷлис масъалаҳо ва қарорҳоеро баррасӣ ва таҳия хоҳанд кард, ки дар маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои созмон муҳокима карда хоҳанд шуд.