САМИЕВ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ КӮМАК КАРД

Май 7, 2010 15:38

Курғонтеппа, 7 май. (АМИТ «Ховар», Беков Юсуфбек). — Дар арафаи иди 65 – солагии ғалабаи халқҳои Шӯравӣ бар фашизм аз номи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони ҶБВ аз шаҳри Қурғонтеппа 600 сомонӣ маблағ тақдим гардид. Дар баробари ин, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба иштирокчиёни ҶБВ 150 сомонӣ дода шуд. Раиси шаҳри Қурғонтеппа Шарифхон Самиев гуфт, ки дар шаҳри Қурғонтеппа ба ин муносибат як чанд чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 9 май  дар Боғи  фарханги ба номи Мӯрчаев  расми  гузашти хизматчиёни  ҳарбии  гарнизони шаҳрӣ  гузаронида  мешавад.  Дар  ҳамаи  толорҳои фарҳангии  шаҳр ва дар боғҳо сайру  гаштҳои  идона, консертҳо,  мусобиқаҳои  варзишӣ ва  ғайра  ташкил  карда  мешаванд.  

Май 7, 2010 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!