САРОЯНДАИ ТОҶИК ДАР ИТАЛИЁ СОҲИБИ ДИПЛОМ ГАРДИД
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Сарояндаи болаёқат ва умедбахши тоҷик Шоҳрух Юнусов дар 2-юмин Фестивали умумиҷаҳонии наврасон «Санремо униор» (Sanremo unior) иштирок намуда, соҳиби дипломи дараҷаи якум гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, фестивали мазкур аз 21 то 25-уми апрели соли равон дар шаҳри Санремои Италия доир гашт, ки дар он қариб аз ҳамаи қитъаҳои олам сарояндаҳо ширкат варзиданд. Пас аз иштирок дар ин ҷашнвора Ш. Юнусов бо ҳамроҳии ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, овозхони маьруфи операи тоҷик Адҳам Холиқов дар шаҳри Милан як консерти калон доир карданд. Ҳунарнамоии Шоҳрухи 11-сола ба тамошобинони итолиёвӣ писанд омада, ташаббускорони консерт ӯро даьват намуданд, ки бори дигар дар Итолиё консерти худро пешкаши ҳаводорони опера намояд. Бояд қайд кард, ки Шоҳрух ба синну соли худ нигоҳ накарда, дар баробари сурудҳои тоҷикӣ сурудҳои итолиёвиро низ бо диалекти неополитанекӣ месарояд. Шоҳрух Юнусов ҳоло дар мактаби рақами 25-и деҳаи Пулодони шаҳри Конибодом таҳсили илм намуда, аввалин маротиба дар синни 8 солагӣ соли 2007-ум дар фестивали байналхалқии бачагонаи «Нури умед» дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, худи ҳамон сол маҳораташро дар нахустин фестивал-озмуни вилоятии «Донак» низ нишон дода, соҳиби шоҳҷоиза (гран-при) мегардад Ҳамчунин Шоҳрух ғолиби озмуни байналмилалии бачагонаи «Бастарғай», лауреати озмуни байналмиллалии «Славянский базар» мегардад. Шоҳруҳ Юнусов аллакай дар давлатҳои Гурҷистон ва Булғория шӯҳрати худро пайдо кард, ки онҳо талаби консерти ӯро аз Вазорати фарҳаги ҶТ дархост карданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






