САРВАЗИР ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГРО ТАБРИК НАМУД
Истаравшан , 7 май. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов дирӯз дар шаҳри Истаравшан ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи се дараҷаи ордени «Шараф» ва мукофотҳои дигар Абдуназар Фармонқулов медали идонаи 65- солагии Ғалаба дар ҶБВ — ро супурд. О.Оқилов ветеранро аз номи сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда, ба ӯ ба маблағи 600 сомонӣ кӯмаки яквақта дод. Инчунин раиси вилоят Қоҳир Расулзода ва раиси шаҳри Истаравшан Мунъим Холиқов А.Фармонқуловро табрик намуда, ба ӯ мукофотҳо супориданд. Раиси шаҳри Истаравшан Мунъим Холиқов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки аз Истаравшан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 15 ҳазор нафар иштирок дошт. Имрӯз дар шаҳр 97 иштирокчии ҷанг, 153 коргари ақибгоҳ ва 7 оилаи бесаробонмондаи иштирокчиёни ҷанг зиндагӣ мекунанд. Ба ҳар кадоми онҳо аз номи роҳбарияти вилоят ва шаҳр аз 500 то 1000 сомонӣ мукофот дода шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






