СЕЛ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 19 майи соли равон бар асари боронҳои пуршиддат дар ноҳияи Хуросон фаромадани сел ба қайд гирифта шуд. Тавре корманди маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, дар натиҷа деҳаи Аҷисели ҷамоати шаҳраки Гараути ба заминҳои наздиҳавлигӣ ва иншооти ёрирасони 15 хоҷагӣ лоиқа даромада, зарар диданд. Айни ҳол аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақаи Хуросон корҳои барқароркунӣ идома дорад. Ӯ афзуд, ки тибқи маълумоти Маркази обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ, чунин боронҳои пуршиддат ва фаромадани сел давом доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






