Ш. ЗУҲУРОВ: «ЭРОН ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ ТОҶИКИСТОН АСТ»
Душанбе, 20 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақли транзитиӣ, ҷалби инвеститсия зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳури Исломии Эрон Манучеҳр Муттакӣ дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Ш. Зуҳуров доир ба вазъи муносибатҳои ду кишвари дӯсту бародар ибрози назар намуда, гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Ҷумҳурии Исломии Эрон шарики боэътимоди худро дар минтақа мебинад ва алоқаманди ҳарчи бештари ҳамкориҳо бо ин кишвар аст. Мусоҳибон ҳамзамон, масъалаи густариши равобити байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эронро баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гурӯҳи дӯстии парлумонӣ фаъолият мекунад, ки он дар тавсиаи ҳамкориҳои ҳар ду кишвар нақши муассир мегузорад. Сардори идораи сиёсати хориҷии Эрон хостори боздиди як ҳайати палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз Эрон шуд. Аз хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба вазъи минтақаро муҳокима карданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






