ШАҲРДОРИИ ДУШАНБЕ БА МАРДУМИ ЗАРАРДИДА 100 ХОНА МЕСОЗАД

Май 12, 2010 11:05

Душанбе, 12 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «То 1 октябри соли 2010 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба мардуми аз офати табии зарардидаи шаҳри Кӯлоб 100 хона сохта ба истифода хоҳанд дод». Ин матлабро Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷараёни баргузории машваратӣ корӣ, ки бо ҳузури раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳр баргузор шуд, иброз дошт. Дар робита Маҳмадсаид Убайдуллоев  ба шахсони мансабдор ва роҳбарони сохторҳои марбута дастуру супоришҳо дода,  афзуд, ки  ҷиҳати расонидани кӯмак ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе аз ҳисоби сохторҳои Раёсати савдо ва бозорҳои шаҳр, соҳибкорони пойтахт хӯрока ва дигар ашёҳои рӯзгузарониро  ба шаҳри Кӯлоб фиристанд. Раиси шаҳр ба муовинаш  Абдуҳомид Шералиев ва сардори  Раёсати савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе Асомуддин Ризоев дастур дод, ки ба таври доимӣ робитаи зичро бо соҳибмулкони бозорҳои хусусӣ ва соҳибкорони пойтахт барои расонидани кӯмак ба мардуми зарардидаи шаҳри Кӯлоб ба анҷом расонанд.

Май 12, 2010 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!