ШУҒЛИ НАВИ МУҲОҶИРОНИ БАРГАШТА

Май 25, 2010 09:44

Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Чунон ки дирӯз раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Майрамбек Тойчиев телефонӣ иттилоъ дод, муҳоҷирони меҳнатие, ки чанд сол пеш   ноҳияро тарк карда буданд, бо сабаби пайдо накардани кори мувофиқ ба ҷойи зисти аввалаашон баргаштанд. Айни замон талабот ба  маҳсулоти чорво, аз ҷумла гӯшт, шир, маҳсулоти ширӣ ва пӯсту пашм дар хориҷи кишвар хеле зиёд шудааст. Ин боис шуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан баргашта ба чорводорӣ машғул гарданд,- иброз дошт раис. Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳияи Мурғоб дар ноҳия саршумори чорво сол аз сол зиёд мегардад. Бо маълумоти ҳамин манбаъ, саршумори қутос ба 17 ҳазор сар ва чорвои майда ба 60 ҳазор сар расонида шудааст. Дар назар аст, ки имсол дар мавсим наслгирӣ чи аз қутос ва чи аз моли майда як баробар наслгирӣ зиёд мегардад, ки ин боиси боз ҳам беҳтар шудани шароити зисти сокинони ноҳия хоҳад шуд.  

Май 25, 2010 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад